ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Аҳволи раҳбари ҲЛДР Владимир Жириновский бад нашудааст, хабар медиҳад РИА "Новости" дар такя ба хадамоти матбуотии ҳизб.
Қаблан дар расонаҳо ва каналҳои "Telegram" маълумот дар бораи бад шудани ҳоли раҳбари ҲЛДР пайдо шуда буд.
"Вазъи Владимир Жириновский то ба ҳол тағйир наёфтааст. Ӯ табобат ва барқарорсозии худро идома медиҳад, ҳамааш тибқи нақша аст", - гуфтанд дар дафтари матбуотии ин ҳизб ба оҷонсӣ.
Қаблан Вазорати беҳдошт хабар дода буд, ки Жириновский рӯзи 2 феврал бо бемории коронавирус дар бемористон бистарӣ шудааст. Ба иттилои расонаҳо, 70 дарсади шушҳои ӯ гирифтори беморӣ шудаанд.
Ба гуфтаи раиси собиқи "Роспотребнадзор" Геннадий Онишенко, сабаби вазнинии COVID-19 сари вақт дархост накардани Жириновский барои кумаки тиббӣ будааст.
Андрей Звонков, пизишки саршинос қайд кард, ки ин сиёсатмадор ба далели мушкилоти дигари саломатӣ ҳанӯз дар беморхона нигоҳ дошта мешавад, то комилан муолиҷа ёбад.
Тавре Вячеслав Володин, раиси палатаи поёнии парлумон рӯзи 11 март гуфт, "раҳбари Ҳизби либерал-демократӣ қасд дорад, ба ҷаласаи навбатии Думаи давлатӣ биёяд, омодагӣ мегирад."
Дар ҳамин ҳол ин манбаъ ба РИА "Новости" гуфтааст, вазъи сиёсатмадор беҳбуд ёфтааст, ӯ хабарҳоро меомӯзад, бо аснод кор мекард ва ба зердастонаш дастур медиҳад.