ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. ФСБ ва "Роскомнадзор" даъваои Додситонии кулл дар бораи манъи фаъолияти "Meta" дар Русия ба далели фаъолияти ифротгароиро пуштибонӣ карданд, хабар медиҳад хабаргузории РИА “Новости”.
"Сиёсати "Meta" бар зидди манфиатҳои Русия ва шаҳрвандон, бахусус низомиён аст", - гуфт сухангӯи ФСБ.
Ҳамзамон ин ниҳод пешниҳод кардааст, ки дар сурати қабули қарори мусбат бояд он ба сурат таъҷилӣ иҷроӣ шавад ва набояд мунтазири эътибор пайдо кардани қарор шуд.
Намояндаи "Роскомнадзор" ба “қонуншиканиҳои сершумор” ва даст кашидан аз пок накардани контентҳои мамнуъ дар шабакаҳои иҷтимоии фавқуззикр дар Русия ишора кардааст.
Қаблан “Meta Platforms” бо назардошти ҳаводиси Украина мамнуъияти даъватҳо ба хушунат алайҳи низомиёни Русия дар "Фейсбук" ва "Instagram"-ро, мувақаттан лағв карда буд, аммо на нисбати аҳолии осоишта.
Пас аз ин Додситонии кулли Русия масъалаи ҳамчун созмони ифротӣ эътироф кардани шудани “Meta”-ро матраҳ ва Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба даъватҳои оммавӣ ба ифротгароӣ ва мусоидат ба терроризм парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Ноиби президенти “Meta” Ник Клегг баъдтар тавзеҳ дод, ки сиёсати нав танҳо дар Украина татбиқ мешавад ва “Meta” итминон дод, ки "русбадбиниро таҳаммул намекунад".
"Роскомнадзор" бо дархости Додситонии кулл дастрасӣ ба "Instagram" дар Русияро ба далели даъватҳо ба хушунат алайҳи русҳо маҳдуд кард.
Пеш аз ин "Роскомнадзор" "Facebook"-ро дар Русия ҳам масдуд кард ва далели ин иқдом ҳам табъизи густарда алайҳи расонаҳо ва манобеи иттилоотии Русия, аз ҷумла РИА “Новости”, “Sputnik” ва RT гуфта мешуд.