ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Ҳавопаймои мусофирбари "Boeing 737" дар ҷануби Чин суқут кард, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба телевизиони маҳаллӣ.
Ҳавопаймои мусофирбарии "Boeing 737"-и ширкати "China Eastern Airlines", ки ҳомили 133 нафар буд, дар ноҳияи Тенг, шаҳри Вучжоуи вилояти мухтори Гуанси-Чжуани Чин суқут кард.
Феълан дар бораи ҳалокшудагон ва захмиён гузориш нашудааст.
Зимнан дар намояндагии сафорати Русия дар Гуанчжоу ба РИА "Новости" гуфтаанд, маълум нест, ки миёни мусофирони ин ҳавопаймо шаҳрванди Русия будаанд ё на.
Дар ҳамин ҳол шоҳидони айнӣ ба нашри видеоҳо аз маҳалли суқути ҳавопаймо шуруъ кардаанд.