ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Аҳволи раиси Ҳизби либерал-демократи Русия, Владимир Жириновский бадтар шудааст, хабар медиҳад нашрияи "Известия".
Ба иттилои манбаъ, ин сиёсатмадорро табибон дубора ба ҳолати беҳушии сунъӣ дароварданд.
Ташхиси ӯ шоки септикӣ (семтический шок) гуфта мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки бистарӣ шудани Жириновский бар асари коронавирус дар аввали моҳи феврал расонаӣ шуд. Хабар дода шуд, ки вазъи саломатии ин сиёсатмадор сангин буда, аз 30 то 75%-и шушҳояш гирифтори беморӣ шудааст.
Ба гуфтаи раиси собиқи "Роспотребнадзор" Геннадий Онишенко, сабаби вазнинии COVID-19 сари вақт дархост накардани Жириновский барои кумаки тиббӣ будааст.
Андрей Звонков, пизишки саршинос қайд кард, ки ин сиёсатмадор ба далели мушкилоти дигари саломатӣ ҳанӯз дар беморхона нигоҳ дошта мешавад, то комилан муолиҷа ёбад.