ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Дар Маскав барои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар рӯзи 27 март омодагӣ мегиранд, хабар медиҳад баргузоркунандагони ин ҷашн дар сомонаи "Navruz.online".
Маълум аст, ки ба ин муносибат бо иштироки мизбонони рус барномаи бузурги идона омода шудааст. Ин дафъа таҷлили ин иди кӯҳанро метавон аз тариқи пахши мустақим тамошо кард.
Қарор аст, дар чаҳорчӯби пахши барномаҳо Ҷашни Наврӯз дар дигар шаҳрҳои Русия низ намоиш дода шавад.
"Консерти бузург дастаҳои эҷодии диаспораҳои Маскав ва ҳунарпешаҳои машҳурро дар як саҳна ҷамъ меорад", - гуфта мешавад дар эълони ин ҷашн.
Баргузоркунандагони ин ҷашни онлайнӣ ваъда медиҳанд, ки дар консерт ситораҳое чун, Burito, Ҳабиб, Ренат Иброҳимов, Элбрус Ҷонмироев ва бисёре аз дигарон ҳунарнамоӣ мекунанд.
Қабл аз пандемия дар Маскав ҳамасола Ҷашни Наврӯз дар ВДНХ сурат мегирифт ва сокинону меҳмонони Маскав дар ин рӯз бо оши палав меҳмондорӣ мешуданд.
Ин дафъа низ ошпазони кишварҳои гуногун аз шеваи пухтани оши болаззат ва дигар таомҳои миллӣ, ки маъмулан дар ин ид дар рӯи дастархон мегузоранд, нақл мекунанд.
Барои дастрасӣ пайдо кардан ба пайванди сойте, ки Ҷашни Наврӯз аз тариқи он пахш мешавад, лозим аст, то дар вебсайти лоиҳа - ҷашни умумишаҳрии Маскав "Наврӯз- 2022" обуна шавед.