ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Дар арафаи Ҷашни Наврӯз президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев фармон дар бораи авфро имзо кард, хабар медиҳад хабаргузории "UzA".
Тибқи ин қонун, 18 шаҳрванди хориҷӣ низ мавриди афв қарор гирифтанд.
Манбаъ меафзояд, ҷамъан 75 зиндонӣ бо фармони Мирзиёев ба озодӣ баромаданд.
"Дар миёни афвшудагон 18 шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ, 17 нафар зан, 15 марди аз 60-сола боло, 6 маъюб, 9 нафаре, ки дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ ширкат доштанд, ҳастанд", - омадааст дар хабар.
Дақиқан гуфта нашудааст, ки дар доираи фармони афв шаҳрвандони кадом давлатҳо ба озодӣ мебароянд.
Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон бори охир моҳи сентябри соли 2021 Қонуни афв татбиқ шуд. Дар доираи ин қонун 11 ҳазору 500 нафар зиндонӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод карда шуданд.
Афви охирон ба хотири ҷашни 30-юмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон татбиқ шуда буд.
Феълан маълум нест, ки дар арафи Наврӯз аз ҷониби кишвардори Тоҷикистон низ чуниин иқдом рӯи даст гирифта мешавад ё на.