ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Озин Севимлӣ ахиран дар нишасти Шӯрои машваратӣ беҳбуди фазои сармоягузорӣ гуфт, ки нархи интернет дар Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ гаронтарин ва суръати он поёнтарин аст, ки сабаби кунд шунади тиҷорати электроникии дар ин кишвар мешавад, иттилоъ додааст "Садои Хуросон" дар истинод ба сомонаи "ТоҷВик".
Ҳамзамон вобаста ба натиҷаҳои таҳлил ва тавсияҳо дар бораи рушди тиҷорати электронӣ, ки дар ҷаласаи Шӯрои машваратӣ баррасӣ гардиданд, қайд карда шуд, ки мукаммал намудани қонунгузории танзими тиҷорати электронӣ ва заминаи инфрасохтории соҳа барои рушди тиҷорати электронӣ дар ҷумҳурӣ муҳим буда, дар ин самт тадбирҳои дахлдор бояд андешида шаванд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон бар асоси радабандии ширкати байналмиллалии иртиботот дар оғози соли 2022 аз нигоҳи суръати интернет дар ҷаҳон миёни 140 кишвар дар ҷойгоҳи 135 қарор дорад.
Ба ин далел, ки миёнгини суръати интернет дар ҷаҳон 70 мегабайт бар сония аст, ки дар Тоҷикистон ин шохис 21.1 мегабайт бар сонияро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин суръати интернети телефони ҳамроҳ дар ҷаҳон 15 ва 16 садуми мегабайт бар сония аст, ки дар Тоҷикистон ин шохис 8.4 мегабайт бар сонияро ташкил медиҳад.