Заминларза дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Олимон як заминларзаро дар ин моҳ дар Тоҷикистон сабт карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон заминларза рух дод, гузориш медиҳад маркази зилзиласанҷии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон.
Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ларзиши замин ба қайд гирифта шудааст.
Ба гуфтаи зилзилашиносон, заминларза соати 11:22 ба вақти маҳаллӣ рух дода, шиддаташ 4 балл будааст.
Чунон ки дар марказ хабар доданд, координатҳои заминчунбӣ: 36,99 дараҷаи арзи шимолӣ; 73,14 дараҷаи тӯли шарқӣ будааст.
Заминларза дар умқи 237 километр рух додааст.
Заминҷунбии 5 - балла Тоҷикистонро такон дод
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон то ҳол дар бораи хисорот ва талафоти эҳтимолӣ иттилоъ надодааст.
Қаблан сокинони Тоҷикистон рӯзҳои 12 ва 14 март заминларзаро эҳсос карда буданд.
Ёдовар мешавем, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба феҳристи манотиқи аз ҷиҳати сейсмикӣ ноором вориданд, аз ин рӯ ларзишҳои замин дар ин кишварҳо кам нестанд. Хусусан аксари вақт онҳо дар фасли баҳор эҳсос хоҳанд шуд.