Одамкушӣ каму таҷовуз ба номус зиёд шудаст: Омори ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон

Ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон зиёду нишондиҳандаи ошкорсозии он коҳиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Сатҳи кушодашавии ҷиноятҳои содиршуда тайи як соли охир 80,4 дарсадро ташкил додааст, ки нисбати нишондоди соли қаблӣ камтар мебошад. Соли пешин сатҳи ошкорсозии ҷиноятҳо 83%-ро ташкил дод.
Ин нуктаро Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ҳафтаи равон зимни ҳисоботаш ба парлумон баён дошт.
Ба иттилои додситон, соли 2021 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 24 ҳазору 118 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 2,8 фоиз зиёд буда, кушодашавии онҳо 80,4 фоизро ташкил медиҳад. Соли пеш теъдоди ҷиноятҳо 23,4 ҳазор арзёбӣ шуда буд.
Нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Раҳмон афзуд, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар вилояти Суғд 337, ВМКБ 155, вилояти Хатлон 96, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат 148, Турсунзода 85, Ҳисор 81 ва Рӯдакӣ 62 маврид афзоиш ёфтааст.
Пул надиҳӣ, заминатро ба дигар кас медиҳам: боздошти раис ҳангоми порагирӣ
"Вобаста ба категорияи ҷиноятҳо бошад, қаллобӣ 397, дуздӣ 228, тамаъҷӯӣ 19, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ 100, таҷовуз ба номус 18, муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи нашъаовар 18, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 15 ва роҳзанӣ 5 ҳолат зиёд ба қайд гирифта шудаанд", - изҳор дошт ӯ.
Дар зимн зикр гардидаст, ки содиршавии ҷиноятҳои одамкушӣ 4 адад, ғоратгарӣ- 23, экстремистию террористӣ — 143 ва авбошӣ 101 маврид камтар гардидаанд.
Дар шарҳи омилҳои даст ба ҷиноят задан Юсуф Раҳмон изҳор кардааст, ки ин пеш аз ҳама ба таври дахлдор ба роҳ намондани ташвиқу тарғиб, корҳои пешгирикунанда, беназоратии волидайн мебошад.
Додситони кулли Тоҷикистон кори суст бо шахсони пешсудшударо низ аз сабабҳои дигари афзоиши ҷинояткорӣ дар кишвар хондааст.