Си Ҷинпин: Сулҳу амниятро дороии муҳим арзёбӣ кард

Роҳбари Чин гуфт, сулҳу амният дороии муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Си Ҷинпин роҳбари Чин ахиран дар сӯҳбат бо раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден гуфт, сулҳ ва амният муҳимтарин дороии ҷомеъаи ҷаҳонӣ аст ва муноқишаҳо ба манфиати касе нест, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости” дар истинод ба расонаҳои чинӣ.
"Муноқишаву бархӯрдҳо ба манофеи касе нест. Сулҳ ва амният дороиест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд аз ҳама бештар онро қадр кунад", - гуфт Си Ҷинпин.
Раҳбари Чин ҳамчунин таъкид кард, ки пас аз музокироти ахири раҳбарони ду кишвар дар моҳи ноябри соли гузашта вазъ дар ҷаҳон тағйироти ҷиддӣ ёфтааст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Қодиров Байденро "худкомаи золим ва аз ақл бегона" хонд
Инчунин роҳбари Чин дар мулоқот бо раисҷумҳури Амрико қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида ва Чин бояд на танҳо равобити дуҷонибаро инкишоф диҳанд, балки масъулияти байналмилалиро низ бар дӯш гиранд ва барои ҳифзи сулҳу оромии ҷаҳон талош намоянд.
"Ҳамчун аъзои доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва ду иқтисоди бузурги ҷаҳон, мо бояд на танҳо ба рушди равобити Чину Амрико дар роҳи дуруст ҳидоят кунем, балки масъулияти байналмилалии худро бар дӯш бигирем ва барои сулҳу ороми дар ҷаҳон талош намоем". Таъкид кард Си Ҷинпин.
Ёдовар мешавем, ки гуфтугӯи раҳбарони ду кишвар дар шакли маҷозӣ сурат гирифт.