Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Путин гуфт, Киев бо пешниҳодҳои ғайривоқеияш музокиротро ба дарозо мекашад

Президенти Русия ва садри аъзами Олмон вазъ дар Украинаро баррасӣ кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Владимир Путин, президенти Русия бо Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон раванди музокирот ва талошҳо барои эътидоли вазъро баррасӣ карданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Кремл, Путин ба Шолтс гуфт, Киев талош дорад, ки музокиротро ба дарозо кашад.
Вай таъкид намудааст, ки Украина аз роҳи пешниҳодҳои нав ба нави ғайривоқеӣ таъхиркорӣ мекунад.

"Бо вуҷуди ин ҷониби Русия омодааст, ҷустуҷӯи роҳҳалро дар доираи бархӯрдҳои усулии ба ҳама маълум идома диҳад", - гуфтааст президенти Русия.

Ӯ ҳамчунин таваҷҷуҳи Шолтсро ба партоби мушакҳо аз ҷониби нерӯҳои Украина ба маҳаллаҳои истиқоматии Донетск ва Макеевка ҷалб намудааст, ки қурбиёни зиёде дар пай дошт. Таъкид шудааст, ки Ғарб ин ҳодисаҳоро нодида гирифтааст.
Владимир Путин ҳамчунин изҳор доштааст, ки низомиёни Русия дар Украина тамоми корҳои имконпазирро барои ҳифзи ҳаёти сокинони осоишта анҷом дода истодаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Суҳбати ихтисосии Лавров бо RT: аз душмантарошӣ то муштаракоти Украина ва Русия
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.