ДУШАНБЕ, 4 март — Sputnik. Додгоҳи олии Тоҷикистон Сироҷиддин Суяров, яке аз нерӯҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-ро барои 22 сол равонаи зиндон кардааст.
Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Суяров дар қисми ҳарбии ҳарбии 0215-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар вилояти Суғд адои хизмат карда, ба одамкушӣ муттаҳам мешуд.
Ба иттилои манбаъ, номбурда 20 августа соли 2006, тахминан соати 23:00 дар ҷойи истиқоматаш - деҳаи Чилчанори ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент аз ҳиссиёти авбошӣ бо санг ба сару рӯйи шаҳрванд Х. З. Норбоев якчанд бор зарба зада, ахириро қасдан ба ҳалокат расонидааст.
Баъди содир кардани ҷиноят худи ҳамон шаб ғайриқонунӣ аз сарҳади давлатии Тоҷикистон ба ҳудуди Ӯзбекистон гуашта, сипас ба Қазоқистон рафта, то вақти дастгир шуданаш дар он ҷой пинҳон шудааст.
Гуфта мешавад, ӯ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон дастгир гардида, 30 сентябри соли 2021 ба Тоҷикистон истирдод шудааст.
Алайҳи ӯ бо моддаи 104, қисми 2, банди “к”, КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз гардида, бо ҳукми Додгоҳи олӣ барои 22 сол равонаи зиндони низомаш сахт шуд.
Манбаъ мегӯяд, дар асоси талаботи моддаи 13, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”, аз 20 августа соли 2011 таҳти № 764, аз муҳлати умумии ҷазои таъингардида нисбати Суяров С.У. ду сол кам карда шудааст.