ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ин кишварро қавитар хоҳанд кард.
“Бояд бигӯям, ки таҳримҳо ҳамеша моро танҳо қавитар месозанд”, - гуфт вай дар мусоҳиба бо RT.
Як қатор кишварҳои ғарбӣ ба далели оғози амалиёти вижа дар Украина алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ карданд.
Тавре Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия қаблан гуфта буд, таҳримҳои Ғарб хеле ҷиддианд ва Русия ба онҳо пешакӣ омодагӣ дида буд.
Дар навбати худ раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки сиёсати боздоранда ва заъиф намудани Русия як стратегияи дарозмуддати Ғарб буда, таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ мезананд.
Ба гуфтаи Путин, максади асосии Ғарб бадтар кардани зиндагии миллионҳо нафар мебошад.
Путин ҳамчунин гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо амалан уҳдадориҳои худ дар назди Русияро иҷро накард ва захоири асъории кишварро мунҷамид намуд.