ДУШАНБЕ, 18 март — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия вазъи кунунии равобити Русия ва Украинаро ғайриоддӣ номид ва изҳори умедворӣ кард, ки он "ба тадриҷ хотима меёбад".
Ба гуфтаи вай, русҳо "ҳеҷ гоҳ бо мардуми он мушкиле надоштаанд" ва мардуми мо аз нигоҳи фарҳангу ҷаҳонбинии умумӣ хеле наздиканд.
"Умедворам, вақте ин вазъияти ғайриоддӣ аз байн меравад, ҳама чиз тадриҷан ба ҷараёни қаблии худ бармегардад. Ин оҳиста-оҳиста мешавад. Бинобар талоши ҳамкорони ғарбии мо ин корро зуд анҷом додан ғайриимкон аст",- гуфт вай дар мусоҳиба бо RT.
Номбурда гуфт, онҳо кӯшиш мекарданд, ки Украинаро бо истифода аз абзорҳои мухталиф зидди Русия гардонанд.
"Бовар дорам, ки наздикии таърихии ду халқи бародар пирӯз хоҳад шуд", - афзуд вазир.
Лавров таъкид намуд, ки худаш низ дӯстони зиёди украинӣ дорад ва мардуми Русияву Украина таъриху фарҳангу ҷаҳонбинии муштарак доранд.
Вай гуфт, феълан роҳбарияти Украина бо роҳнамоии Ғарб иқдом ба сӯйи ташаннуҷи вазъ мекунанд, аммо вай ҳамчунин изҳори умед намуд, ки муштаракоти ду мардум дар ниҳоят боло хоҳанд гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.