ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Додгоҳи олии Тоҷикистон Камолиддин Қаландаровро барои қасди куштори ҳамсари собиқаш Лолахон Якубова ба муҳлати 25 сол равонаи зиндон кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Прокуратураи генералии Тоҷикистон, номбурдагон соли 2001 оиладор шуда, аммо 2021 бинобар бад шудани муносибати оилавияшон аз ҳам ҷудо шудаанд.
Вале бо сабаби надоштани ҷойи зисти доимӣ Якубова бо чор фарзанди ноболиғаш дар манзили истиқоматии ҳамакнун ҳамсари собиқаш Қаландаров, дар ҳуҷраҳои алоҳида зиндагӣ намудааст.
Аммо санаи 17 ноябри соли 2021 Қаландаров дар ҳолати мастӣ ба ҳуҷраи хоби ҳамсари собиқаш даромада, ӯро таклиф ба ҳамхобагӣ намуда, бинобар рад шудани хоҳишаш ва аз суханҳои ҳамсараш дар бораи бо дигар мард алоқа доштани ӯ ба ғазаб омада, қасди кӯштори вайро намудааст.
Гуфта мешавад, баъди ҷавоби рад ӯ аз ошхонаи манзили зисташ ду адад корди ошхонагиро гирифта, дар ҳузури фарзандони ноболиғаш ба собиқ ҳамсараш ҳамла намуда, бо корд шаш бор ба қисмати қафаси сина, шикам, камар ва дасти ӯ зада, ҷароҳати ҷисмонии сабук ба саломатиаш расонидааст.
"Сипас фарзанди ноболиғаш Ҷ. К. Қаландаров бо мақсади ҳимояи модараш доду фарёд намуда, байни онҳо даромада, амалҳои минбаъдаи падарашро пешгирӣ намудаааст, бинобар ин К. Б. Қаландаров қасди ҷиноятии худро то ба охир амалӣ карда натавонистааст", - афзудааст манбаъ.
Додситонӣ мегӯяд, номбурда бо дастрасӣ ба моддаҳои 32, қисми 3, 104, қисми 2, банди "е", КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (суиқасд ба одамкӯши) барои 15 сол равонаи зиндони низомаш сангин гардид.