Эҳтимоли қатъи "YouTube" дар Русия

"Роскомнадзор"-и Русия эҳтимол то охири ҳафта фаъолияти "YouTube"-ро масдуд кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Манбаи наздик ба "Роскомнадзор"-и Русия ба РИА ”Новости” хабар додааст, ки ин ниҳоди давлатӣ эҳтимол дар рӯзҳои наздик дастрасӣ ба "YouTube"-ро масдуд кунад.
"Эҳтимол то охири ҳафтаи оянда "YouTube" дар Русия баста шавад. Ман инро ба эҳтимоли бештар ҳадс мезанам. Ман бар он будам, ки "YouTube"-ро бояд ҳафтаи гузашта баста мекарданд, аммо “Меtа” (Instagram) масдуд шуд. Ман бовар дорам, ки масдудшавӣ танҳо ба он хотир ба таъхир гузошта шуд, то ҳама сойтҳои мавриди назар якбора баста шаванд”, - гуфтааст манбаи хабаргузорӣ.
Русия "Instagram" ва "Facebook"-ро масдуд мекунад
Хабаргузории РИА “Новости” ба "Роскомнадзор"-и Русия дар ин бора дархост равон кардааст, то ба ин масъала рӯшанӣ андозад.
Рӯзи 11 март ин ниҳод дар қаламрави Русия дастрасӣ ба "Instagram"-ро бинобар даъват ба хушунат дар ин сомона нисбати мардуми рус масдуд кард. Аз 14 март дастрасӣ ба он комилан қатъ гардидааст. Дар авоили моҳи март "Роскомнадзор" дар посух ба маҳдуд кардани расонаҳои Русия "Фейсбук"-ро баст.