ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Дар идомаи ифтитоҳи иншооти нави коргоҳҳо аз ҷониби раисҷумҳур ва мири шаҳри Душанбе дар ноҳияи Фирдавсӣ коргоҳи истеҳсоли пӯшак низ ба истифода қарор дода шуд.
Ба гузориши дафтари матбуотии раиси шаҳри Душанбе, ин корхонаро Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ кард.
Гуфта мешавад, коргоҳи мазкур аз ду қисм, коргоҳи истеҳсолию анборхона ва қисми маъмурӣ иборат буда, дар он 150 нафар ба кори доимӣ фаро гирифта шудаанд.
"Корхона имкон дорад, ки дар се баст фаъолият намуда, дар як дақиқа то 600 адад ва дар як шабонарӯз зиёда аз 800 ҳазор адад пӯшаки кӯдакона истеҳсол намояд", - омадааст дар хабар.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур бо арзиши 15 миллион сомонӣ бунёд гардида, таҷҳизоти истеҳсолии он аз технологияҳои итолиёии ширкати "Фамеканика Машинери"-и Ҷумҳурии Италия мебошад.
Роҳбарияти корхона нақша дорад, бо бештар намудани ҳаҷми истеҳсолот, пӯшакҳои ватаниро берун аз Тоҷикистон ба фурӯш барорад.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 17 март дар се навоҳии Душанбе меҳмонхонаи чорситорадор, бинои нави гимназияи "Кафолат" ва муассиси таълимии тобактабии "Закия" мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Ин иншооти навсохтро кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба истифода доданд.