Бонки марказии Русия ҳаҷми пулҳои ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикро эълон кард

Ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон дар авоили соли 2022 ва ҳаҷми умумии пули ирсолӣ дар соли 2021 маълум шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 март — Sputnik. Соли гузашта ҳаҷми умумии интиқоли пул аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ҳудуди 1,8 миллиард доллар будааст, дар ҳоле ки соли 2020 маболиғи ирсолӣ 1,7 миллиард долларро ташкил мекарданд.
Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, интиқоли пул аз шахсони воқеӣ дар соли 2021 нисбат ба соли 2020 3,1% ё 54 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Маблағи миёнаи як амалиёти интиқолӣ дар соли 2021 160 долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 9 доллар зиёд аст.
Вокуниши “Амонатбонк” вобаста ба қатъи фаъолияти "Western Union"
Дар мавриди интиқоли фаромарзии шахсони воқеӣ дар соли 2022, тибқи маълумоти Бонки марказӣ, дар моҳи январ ба кишварҳои ИДМ 388 миллион доллар интиқол дода шуда, маблағи миёнаи як интиқол афзоиш доштааст. Ҳоло он 216 доллар гуфта мешавад.
Дар кишварҳои хориҷ аз ИДМ ин мизон каме бештар, беш аз 500 доллар аст, аммо ҳаҷми интиқол дар моҳи январ нисбат ба кишварҳои ИДМ хеле камтар аст, ҳамагӣ 53 миллион доллар гуфта мешавад.
Интиқоли маблағ осон шуд: “Амонатбонк” ба замимаи мобилии “Сбербанк-онлайн" пайваст гардид
Дар як соли охир аз Федератсияи Русия танҳо ба Ӯзбекистон назар ба Тоҷикистон бештар – 3,2 миллиард доллар интиқол шудааст. Дар мавриди дигар кишварҳои ИДМ ва дигар ҷамоҳир радабандии интиқоли пул ба ин сурат аст:
Қирғизистон – 1,1 миллиард доллар;
Арманистон – 531 миллион доллар ;
Туркия - 358 миллион доллар;
Озарбойҷон – 346 миллион доллар;
Украина - 301 миллион доллар;
Гурҷистон - 254 миллион доллар;
Молдова - 137 миллион доллар;
Чин – 117 миллион доллар;
Беларус - 69 миллион доллар;
Қазоқистон – 66 миллион доллар;
Қобили зикр аст, Тоҷикистон яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки аз интиқоли пули муҳоҷирон бештар вобаста аст. Интиқоли пул аз Федератсияи Русия дар соли 2021 ба 20,5% ММД-и соли гузаштаи кишвар баробар аст.