Роҳи Душанбе - Чаноқ боз шуд

Пас аз қисман бартараф кардани оқибатҳои тарма масири Душанбе - Чаноқ аз як самт боз шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Ширкати IRS, масъули пулчинӣ ва нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ аз оғози ҳаракат дар ин ҷода хабар дод.
Ширкат баъди бо нашри як иттилоия гуфт, пайомадҳои тарма дар ин масир бартараф гардида, феълан ҳаракат аз самти Хуҷанд ба Душанбе боз шудааст.

"Ҳаракати нақлиёт дар ҳар ду самт ба зудӣ барқарор хоҳад шуд", - ваъда додааст ширкат.

Ширкат ба ронандагону мусофирон барои он ки вазъро дарк менамоянд, сипосгузорӣ кардааст.
Мавриди зикр аст, ки рӯзи 16-уми март аз сабаби фаромадани тарма дар километрҳои 67-уми шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ ин роҳ муваққатан баста шуд.
Зимнан Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар бошад, аз идомаи ҳавои номусоид ва хатари фаромадани тармаву сангрезиш дар роҳҳои кӯҳӣ ҳушдор медиҳад.
Чор рӯзи барфу борон ва хавфи селу тарма: ҳушдори ҳавошиносон
Ёдовар мешавем, ки шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ бар асари фаромадани тарма борҳо баста шудааст. Ин роҳ ба рӯйхати роҳҳои хавфноктарини кишвар дохил карда шудааст.
Он ягона пайвандгари шимоли Тоҷикистон бо марказ мебошад, ки ҳаракат тавассути ин роҳ бо пардохти маблағ сурат мегирад.
Ба қатори роҳҳои хатарноки ҳамчунин ҷодаҳои Душанбе – Лахш, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим – Мурғоб ва Хоруғ – Ҷелондӣ низ дохил мешаванд.