Муаррифии имконоти гардишгарии Тоҷикистон дар MITT-2022 – гузориши тасвирӣ

Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии MITT-2022 дар Маскав ширкатҳои Тоҷикистон имконоти гардишгарӣ дар кишварро муаррифӣ карданд
Sputnik
Дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва чаҳор ширкати гардишгарии Тоҷикистон ҳузур доранд.
Аз ҷумла ба ин намоишгоҳ Пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии "Артуч”, “Силквей эдвенче”, “Кошиф” ва “Антарес” омадаанд.
Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, дар гӯшаи сайёҳии кишвар бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон, аз ҷумла иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғулият бо намудҳои туризми варзишию кӯҳнавардӣ, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимӣ инъикос гардидаанд.
MITT-2022 бузургтарин намоишгоҳи сайёҳӣ дар Русия дар шакли “Туризм ва фароғат” буда, он платформаи тиҷоратии байналмилалӣ барои кишварҳо, минтақаҳо ва ширкатҳои сайёҳии тамоми ҷаҳон мебошад, ки маҳсулот ва хидматҳои худро дар бозори Русия муаррифӣ мекунанд.