ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Ҷамъияти саҳомии “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и Тоҷикистон интиқоли таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии барқӣ аз Русияро хостор аст.
Дар ин бора дар мулоқоти намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков бо муовини раиси Хадамоти хариди ин ниҳод Маҳмадназар Роибов эъломи омодагӣ шудааст.
Дар ҳошияи музокирот ҷониби Тоҷикистон аз ҳавасмандии худ дар ҷиҳати харидории 40 намуд аз ҷузъҳои энергетикӣ аз таъминкунандагони Русия иттилоъ додааст.
Тоҷикистон омодагии худро барои харидории василаҳои ҳифозатӣ, боздоранда ва маҳдудкунанда (предохранитель, изолятор, ограничитель) ва дигар ақсоми энержӣ эълон кардаанд.
Ҳоло ҷонибҳо дар бораи интихоби таъминкунандагони эҳтимолӣ, ширкати намояндагии тиҷорӣ дар ташкили вохӯриҳо бо чунин истеҳсолкунандагон ба мувофиқа расидаанд.
"Умедворам, ки сохтори нави "Барқи тоҷик" имкони ҳамкориҳои муассир ва пурсамар дар таъмини қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизоти Русия, инчунин ба бозори Тоҷикистон овардани истеҳсолкунандагони навро фароҳам меорад", - гуфт Коренков.
Ёдовар мешавем, ки дар авоили соли 2021 дар заминаи холдинги энержии "Барқи тоҷик" ду ҷамъияти нави саҳҳомӣ - "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва "Шабакаҳои тақсимоти барқ" пайдо шуданд.
Ин идораҳо ширкатҳои мустақиланд.
Қобили зикр аст, ки ширкати "Барқи тоҷик" ба кишварҳои ҳамсоя низ нерӯи барқ содир мекунад.