Узвияти Русия дар Шӯрои Аврупо қатъ шуд

Кобинаи вузарои Шӯрои Аврупо тайи як қароре узвияти Русия дар ин шӯроро қатъ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Дар ин қарор гуфта мешавад, узвияти Русия дар Шӯрои Аврупо аз 16 марти имсол қатъ шуд.
Ба гузориши РИА "Новости", ҳамчунин дар қарор гуфта мешавад, "тайи як ҷаласаи ғайринавбатӣ дар ин субҳ Кумитаи вузаро дар раванди оғозшудае мабнӣ бар моддаи ҳашти Оинномаи Шӯрои Аврупо қарор кард, ки аз ин рӯз ба баъд узвияти Русия дар Шӯрои Аврупо қатъ шавад".
Русия, ки тӯли 26 сол узви ин шӯро буд, рӯзе қабл дар бораи хуруҷи худ аз он ва ҳамчунин аз Конвенсиюни аврупоии ҳуқуқи инсон хабар дода буд. Дар Маскав мегӯянд, қарори Додгоҳи ҳуқуқи инсонро дар сурате иҷро мекунанд, бо Қонуни Асосии Русия мухолифат надошта бошад.
Ба гуфтаи раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин, Маскав 4,2 миллиард рублеро, ки барои ҳаққулузвият дар шӯро сарф мекард, барои тақивият иқтисоди Русия масраф хоҳад кард.
Ҳамчунин Маҷмаи парлумонии Шӯрои Аврупо дар рӯзи сешанбе тайи як қарор ба унвони Кумитаи вузаро ишора кард, ки Русия наметавонад узви ин шӯро бошад. Қаблан Страсбург фаъолияти Русия дар маҷмаъ ва Кумитаи вазиронро маҳдуд карда буд.
Шӯрои Аврупо ҳанӯз 25 феврал, як рӯз баъд аз оғози амалиёти низомии Русия дар Украина ба манзури ғайринизомисозӣ ва нозизудоии ин кишвар ҳуқуқи Маскав дар шӯроро ба ҳолати таълиқ дароварда буд.