ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Музокирот бо Украина оҳиста ва сангин ҷараён дорад, изҳор дошт Владимир Мединский, ёвари раисиҷумҳур ва роҳбари ҳайати Русия дар ин гуфтушунидҳо.
Ӯ таъкид намудааст, ки ҷониби Русия сидқан талош дорад, ҳар чи зудтар сулҳ барқарор шавад.
"Гуфтушунидҳо оҳиста ҷараён доранд. Албатта, мо мехоҳем, ки ҳама зудтар сурат гирад. Ҷониби Русия сидқан хоҳони ҳарчи зудтари сулҳ мебошад", - изҳор дошт Мединский.
Вай илова намуд, ки вазифаи асосии гурӯҳи музокиракунанда ёфтани нукоти мавриди созиши тарафайн мебошад ва оҳиста-оҳиста даст ёфтан ба натиҷаи ниҳоист.
Ёвари раисҷумҳур гуфт, намехоҳад дар мушкилот тамаркуз кунад, ки зимни музокирот пайдо мешаванд.
"Вазифаеро, ки президент гузоштааст, ин даст ёфтан ба сулҳ дар сарзамини Украина мебошад. Ҳамчун кишвари нейтралӣ, дӯст, ки пойгоҳи НАТО набошаду ба постгоҳи нерӯҳое табдил наёбад, ки мехоҳанд ба давлатамон зиён расонанд", - илова намуд Мединский.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия низ ахиран гуфт, айни ҳол мақоми нейтралии Украина дар ҳамбастагӣ бо талаботи Маскав барои кафолати амниятӣ ба таври ҷиддӣ барасӣ шуда истодаанд.
Вай таъкид намудааст, ки дар Украина набояд он навъи силоҳҳое бошанд, ки ба Русия таҳдид мекунанд. Маскав омодааст, он навъи силоҳҳоеро мувофиқа кунад, ки барои Русия хатар надоранд.
Гуфтушунидҳо миёни Маскав ва Киев ҳамзамон бо амалиёти низомии Русия дар Украина сурат мегирад, ки 24 феврал оғоз шуда, феълан идома дорад.