Ҳукумати Ҳолланд: Таҳримҳо алайҳи Русия ба тиҷорат таъсири манфӣ мерасонанд

Ҳукумати Ҳолланд гуфтааст, таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия пайомади манфӣ барои тиҷорат дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Кобинаи вазирони Ҳолланд дар як баёнияе гуфтааст, ки таҳримҳои Иттиҳодияи Урупо алайҳи Русияи барои соҳибкорони ҳолландӣ пайомадҳои ҷиддие доранд ва ин ҳолат боиси афзоиши шумори дархостҳои тоҷирон дар ин кишвар шудааст.
"Таҳримҳои аврупоӣ ба иқтисоди Русия зарбаи сахт мезананд, аммо барои соҳибкорони ҳолландӣ низ паёмадҳои ҷиддӣ ба бор меоранд", - омадааст дар изҳорот.
Таъкид шудааст, ки дар ҳафтаҳои охир ба далели вазъи мавҷуд шумори дархостҳои соҳибкорони Ҳолланд, ки дар Русия тиҷорат мекунанд, ба Агентии корхонаҳои Ҳолланд (RVO) ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Соҳибкорон дар ҳайрат ҳастанд, ки онҳо метавонанд дар Русия тиҷорат кунанд ё не.
Песков дар бораи таҳримҳо: Ҳеҷ коре бе ҳикмат нест
"Дар робита ба густариши номгӯи молҳое, ки таҳти назорати содиротӣ қарор доранд, соҳибкорони ҳолландӣ бояд бифаҳманд, ки оё то ҳол иҷозаи интиқоли маҳсулоти худро ба Русия доранд ё на", - гуфта шудааст дар баёнияи кобинаи вазирон.
Мақомоти Ҳолланд дар ҳоли ҳозир дар ҷустуҷӯи бозорҳои дигар ҳастанд ва соҳибкоронро ба намояндагиҳои тиҷоратӣ мефиристанд, то бифаҳманд, ки онҳо дар куҷо метавонанд тиҷорати худро идома диҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки баъди оғози амалиёти низомии Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримоти густурда роҳандозӣ намуданд, ки бахшҳои мухталиф, аз ҷумла молию бонкӣ ва энержиро шомиланд.
Мақомоти Русия ҳамчун чораи ҷавобӣ аз эҳтимоли миллӣ кардани ширкатҳое гуфтанд, ки бидуни ироаи кафолат ба истеъмолкунандагон нияти тарки бозори ин кишварро кардаанд.
Лавров гуфт, нақши доллар бинобар сиёсати Вашингтон коҳиш меёбад
Русия ҳамчунин эълон кард, ки аз уҳдадориҳояш дар робита ба қарзи давлатӣ даст намекашад, онро бо рубл пардохт хоҳад кард. Вазири молияи ин кишвар Антон Силуанов таъкид намуд, ки пардохти қарзҳо бо рубл то замоне давом хоҳад кард, ки дороиҳои кишвар дар хориҷ кушода шаванд. Ӯ зикр намуд, ки захоири тилою асъори Русия, аз ҷумла Хазинаи рифоҳи миллӣ дар хориҷ баста шудаанд ва аз ин рӯ ӯ ин иқдоми Маскав барои пардохти уҳдадориҳо аз рӯи қарзи давлатӣ бо рублро аз рӯи адолат номид.
Ахиран дар Кремл изҳори бовар намуданд, ки дар Русия зарфияти кофӣ барои раҳоӣ аз вазъи феълии иқтисодӣ фароҳам аст.