Душанбе дар интизори Наврӯз: шаҳрдорӣ замон ва макони барномаҳои ҷашниро эълон кард

Аз 21 то 24 март бо иштироки аҳли санъат ва сокинони пойтахт барномаҳои ҳунариву тафреҳӣ ва сайру гашти дастҷамъӣ баргузор мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Душанбе замон ва макони баргузории барномаҳои фарҳангӣ ба хотири ҷашни Наврӯзи оламафрӯзро эълон кард.
Ба гузориши дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе, дар пойтахт аз 21 то 24 март барномаҳои рангини наврузӣ баргузор мешаванд.
Гуфта мешавад, рӯзи 21 март сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ин идро ҷашн мегиранд.
Рӯзи 22 март сокинони ноҳияи Фирдавсӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ ҷамъ меоянд.
Маълум шуд, ки Наврӯз кай дар Тоҷикистон фаро мерасад
23 март бошад, сокинони ноҳияи Сино дар майдони Синои пойтахт (назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон) барномаи рангине ба намоиш хоҳанд гузошт.
Рӯзи 24 март сокинони ноҳияи Шоҳмансур бо оростани базми наврӯзӣ дар Боғи Курӯши Кабир (назди Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) омадани Наврӯзи дилафрӯзро ботантана таҷлил менамоянд.
Манбаъ меафзояд, дар Душанбе алакай шиорҳо ба истиқболи Наврӯз овехта шудаанд ва пойтахт барои пешвоз гирифтани ин ид омодааст.
Зикр гардид, ки дар ин тантанаҳои наврӯзӣ намоиши асарҳои рассомон, ҳунарҳои дастии ҳунармандон, аз қабили косибӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, чӯбтарошӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва дигар ҳунарҳо баргузор мегардад.