Зеленский иқрор шуд, ки Украина ба НАТО ворид нахоҳад шуд

Зеленский гуфт, ин ки Украина ба НАТО намепайвандад, дуруст аст ва бояд ин мавқеъ эътироф карда шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Бояд эътироф кард, ки Украина ба НАТО ворид нахоҳад шуд, гуфт президент Владимир Зеленский дар мулоқоти раҳбарони "Joint Expeditionary Force", ки дар шакли видеоӣ баргузор шуд.

"Солҳо мо дар бораи гӯё дарҳои кушода шунидаем, аммо инчунин шунидаем, ки мо ба он ҷо ворид шуда наметавонем, ин дуруст аст. Мо бояд инро эътироф кунем", - гуфт ӯ.

Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти вижаи низомиро барои безарарсозии Украина оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои низомӣ танҳо зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои ҳарбии Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров гуфт, Маскав ҷанги ҳаштсолаи Киевро хотима медиҳад
Дар ҷануби Украина артиши Русия вилоятҳои Херсон, Мелитопол, Бердянскро зери назорат гирифта, Мариуполро муҳосира карданд, ҳоло дар канори ин шаҳр ҷанг идома дорад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.