Намояндаи доимии Русия дар СММ шарти оташбас дар Украинаро эълон кард

Намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, оташбас дар Украина дар сурате амалӣ мешавад, ки Киев талаботи Маскавро иҷро кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар СММ ба хабарнигорон гуфт, оташбас дар Украина дар сурате амалӣ мешавад, ки шартҳои қаблан пешниҳодкардаи Русия, аз ҷумла ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ, даст кашидан аз узвият ба НАТО иҷро шаванд.
Вай ишора кард, ки амалиёт пас аз расидан ба ҳадафҳои худ ба анҷом хоҳад расид.
Дар ҳамин ҳол Небензя бо таваҷҷуҳ ба тарҳи қатъномаи Русия дар Шӯрои амнияти СММ, ки аз даъват ба қатъи ҷанг бар асоси музокира мегӯяд, гуфт: "Оташбас замоне фаро мерасад, ки шартҳое, ки Русия қаблан пешниҳод карда буд, иҷро шаванд. Гап сари ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина меравад. Ҳамчунин ин шартҳо адами таҳдид аз ин кишвар алайҳи Русия ва пайваст нашудани он ба НАТО-ро низ дар бар мегиранд”, - гуфт Небензия.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Патрушев гуфт, далели қасди Киев барои ҳамла ба Донбассу Қрим ёфт шуд
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.