ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Русия тасвиби созиши эҳтимолӣ миёни Русия ва Украина аз ҷониби Шӯрои амнияти СММ-ро истисно намедонад.
Дар ин бора Пётр Иличев, мудири Департаменти созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Русия дар суҳбат бо РИА "Новости" иттилоъ дод.
"Айни ҳол ки ҷонибҳо ҳанӯз ба созишҳои мушаххас даст наёфтаанд, суҳбат дар бораи қабули қарори Шӯрои амнияти СММ дар мавриди ин тавофуқот барвақт мебошад. Аммо инро истисно кардан ҳам нашояд", - таъкид намуд Иличев.
Дар зимн вай зикр намуд, ки созишҳои Минск аз ҷониби Шӯрои амнияти СММ таъйид шуда буданд, аммо "ин ҳич таъсире ба иҷрои тавофқоти мазкур аз ҷониби Украина надошт".
Ин дар ҳолест, ки Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, гуфтушунидҳои навбатии Маскав ва Киев аз тариқи видеоӣ рӯзи душанбеи 14 март сурат мегиранд. Гуфтушунидҳо ҳамзамон бо амалиёти низомии Русия дар Украина сурат мегиранд, ки 24 феврал оғоз шуда, феълан идома дорад.
То ҳол се даври музокироти Киев ва Маскав дар қаламрави Белорус баргузор шудааст.
Владимир Мединский, ёвари раисҷумҳури Русия, ки роҳбарии ҳайати ин кишвар дар музокирот бо Украинаро ба уҳда дорад, ахиран гуфт, умедвор аст, дар масъалаи Қрим ва Донбасс роҳи ҳаллро пайдо хоҳанд кард. Барои Русия эътирофи Қрим ва ҷумҳуриҳои Донбасс аҳамияти аввалиндараҷа дорад, изҳор карда буд Мединский.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина низ дар суҳбат бо расонаҳо масоили марбут ба Қрим ва Донбассро қобили баррасӣ хонда, муҳим донистааст, ки роҳи муросо пайдо шавад.
Дмитрий Песков изҳор карда буд, ки амалиёти низомӣ дар Украина метавонад "дар як лаҳза" қатъ шавад, дар сурате агар Киев шартҳои Маскавро иҷро намояд. Ӯ дар феҳрасти шартҳо эътирофи Қрим чун қаламрави Русия, розигии Киев бо мустақилияти ҷумҳуриҳои Донетску Луганск ва сабти мақоми ғайриблокии Украина дар қонунгузориро зикр кардааст.