Рубл ё асъор? Тасдиқи тартиби пардохти қарзи давлатии Русия

Вазорати молияи Русия тартиби муваққатии пардохти қарзи давлатии ин кишварро бо асъори хориҷӣ тасдиқ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Русия уҳдадориҳояшро дар робита ба пардохти қарзи давлатӣ сари вақт иҷро хоҳад кард, изҳор кардааст Вазорати молияи ин кишвар бо нашри як иттилоия.
Ин ниҳод мегӯяд, барои иҷрои уҳдадориҳояш дар ҷиҳати евробондҳо Вазорати молия ба бонк - агентҳо дастури пардохтӣ медиҳад. Пардохтҳо бо асъор ва муҳлати зикршуда дар аснод сабт мешаванд.
Вазорати молия тавзеҳ дод, ки пардохти амалӣ аз маҳдудиятҳои марбути таҳримот ва дастрасии Бонки марказию ҳукумат ба маблағҳои басташуда дар суратҳисобҳои асъорӣ вобаста аст.
Илова гардидааст, ки агар бонки хориҷӣ дастури пардохтиро иҷро накунад, он бозхонд хоҳад шуд ва пардохт бо рубл сурат мегирад.
Антон Силуанов, вазири молияи Русия мегӯяд, имкони пардохти евробондҳо бо рубл дар аснод аз соли 2018 пешбинӣ шудааст. Ӯ инчунин ин иддаоро, ки Русия уҳдадориҳояшро наметавонад иҷро кунад, бепоя хонда, таъкид намуд, ин кишвар маблағи кофӣ доранд.
Коршинос рушди сайёҳӣ дар ИДМ-ро пешгӯӣ кард
Вазири молия инчунин бастани суратҳисобҳои Бонки марказии Русия ва ҳукуматро чун талоши кишварҳои хориҷӣ барои ташкили дефолти сунъӣ арзёбӣ кардааст.
Қаблан Силуанов изҳор карда буд, ки пардохти қарзҳо бо рубл то замоне давом хоҳад кард, ки дороиҳои кишвар дар хориҷ кушода шаванд.
"Захоири тилою асъорамон, аз ҷумла дар Хазинаи рифоҳи миллӣ баста шудаанд. Дар иҷрои уҳдадориҳоямон, бахусус қарз дучори мушкил шудем. Комилан аз рӯи адолат аст, вақте мегӯем, аз уҳдадориҳо даст намекашем, балки қарзро бо рубл пардохт мекунем", - гуфт вазир тариқи шабакаи "Россия 1".
Ахиран Кристалина Георгиева, роҳбари Хазинаи Байналмилалии Асъор дефолт ё худ касодшавии иқтисоди Русияро дар пасманзари таҳримоти эълоншуда аз эҳтимол дур надонист. Ба гуфтаи ӯ, "таҳримоти бесобиқа ин кишварро ба рукуд тела доданд".
Маврид ба зикр аст, ки баъди оғози амалиёти низомии Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримоти густурда роҳандозӣ намуданд, ки бахшҳои мухталиф, аз ҷумла молию бонкӣ ва энержиро шомиланд.