Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Ҳиндустон ба моякӯбии наврасон шуруъ мекунад

Ҳиндустон ҳамоно аз лиҳози шумори гирифторони коронавирус дар ҷаҳон дар ҷойи дувум қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Ҳиндустон рӯзи чоршанбе (16 март) моякӯбии наврасони аз 12 то 14-сола бар зидди коронавирусро оғоз мекунад, хабар медиҳад Вазорати беҳдошти ин кишвар.
"Ҳукумати Ҳиндустон пас аз муҳокимаҳои зарурӣ бо созмонҳои илмӣ тасмим гирифт, ки аз 16 марти соли 2022 эмкунии зидди COVID-19-ро барои гурӯҳҳои синну соли 12-13 ва 13-14 солаи аҳолияш оғоз кунад. Барои моякӯбӣ ваксинаи "Corbevax", истеҳсоли ширкати "Biological E" интихоб гардидааст", - омадааст дар хабари вазорати ин кишвар.
Дар Аврупо штамми нави коронавирус пайдо шуд: СҶБ тасдиқ кард
Маврид ба зикр аст, ки ваксиназанӣ зидди коронавирус дар Ҳиндустон аз нимаи моҳи январи соли гузашта оғоз шуд. Аввалин шахсоне, ки ваксина гирифтанд, табибон ва коргарони "фронт" буданд, зеро дар Ҳиндустон онҳоеро, ки ба табибон дар мубориза бо коронавирус кумак кардаанд, афсарони пулис ва хадамоти таъҷилӣ меноманд.
Сафар ба ҳаҷҷи умра осон шуд: тағйири қавонини вуруд барои зоирин
Баъдан мақомот ба эмгузаронии афроди аз 50-сола боло ва афроди гирифтори бемориҳои музмин оғоз карданд ва аз 1 май ҳамаи сокинони аз 18-сола боло имкони моякубӣ пайдо карданд.
Тибқи маълумоти охирини Вазорати тандурустии Ҳиндустон, 966,8 миллион нафар вояи аввали ваксинаро гирифтаанд. Ҳамчунин беш аз 810,9 миллион нафар пурра моякӯбӣ гардидаанд.
Дар Тоҷикистон аз 24 феврал ягон мавриди беморшавии шаҳрвандон аз коронавирус сабт нагардидааст. Дар ҳамин ҳол моякӯбӣ дар кишвар идома дорад ва то 1 март дар ҷумҳурӣ 5 920 035 нафар вояи якуми ваксинаро гирифтаанд.
Ҳамчунин 4 614 265 нафар бо вояи дуюм ва 619 313 нафар бо вояи савуми ваксина моякӯбӣ гардидаанд.