Марде дар Фестивали роҳпаймоии оташӣ дар паҳлӯи алангаи оташ қадам мезанад. Дар ин ҷашнвора таҳрибан 1500 нафар ширкат варзида, барои солимии худу наздикон ва рафъи коронавирус дуо мекунанд
Ин ҷашнвора дар кӯҳҳои Такао баргузор мешавад ва ба ин маросим ҳар нафари хоҳишманд метавонад пайваст шавад.
Ҷойе, ки роҳпаймоии оташӣ баргузор мегардад, қариб 50 километр дуртар аз пойтахти Ҷопон воқеъ аст.
Марде бо кӯдакаш аз болои ахгар мегузарад. Ба ин ҷо теъдоди зиёди сайёҳон ҳам меояд.
Беш аз 2,5 миллион нафар ҳамасола ба кӯҳи Такао омада, бевосита тамошобини ин ҷашнвора мешаванд.
Лаҳзаи қадамзании як зан дар болои оташ. Ҷопониҳо бовар доранд, ки оташ тамоми энергияи ифлоси онҳоро месӯзонад
Дар ин ҷашнвора аслан чӯбҳоеро месӯзонанд, ки болои он мардум дархосту хоҳишҳои худро менависанд. Пас аз хомӯш шудани алангаи оташ хоҳишмандон метавонанд болои лахча қадам зананд ва барои худу наздикон дуо кунанд.
Ин ҷо кӯдак ҳамроҳи як нафари калонсол аз болои лахча мегузарад. Ба меҳмонон тавсия дода мешавад, ки пас аз роҳ рафтан пойҳои худро бо дастмоли тар тоза кунанд, то пӯсти онҳо осеб набинад.