ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Ба шабакаҳои иҷтимоӣ видеое роҳ ёфт, ки дар он зани ҷавоне дар дохили таксӣ ронандаро мавриди дашном ва таҳқир қарор медиҳад.
Алфози қабеҳ ва дашному ҳақоратҳои ҷавондухтар мавриди вокунишҳои манфии шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, зимнан аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост шуд, то нисбати ин ҷавонзани дағалгуфтор чораҳои қонунӣ андешида шавад.
Манбаъ меафзояд, дар натиҷаи санҷиши видеои мазкур муайян карда шуд, ки ҷавондухтар сокини 22-солаи маҳаллаи Гипрозем мебошад.
Зимни санҷиш ва пурсиши шоҳидони ҳодиса ошкор карда шуд, ки номбурда аз хидматрасонии автомашинаи мусофирбар истифода намуда, дар баробари пардохт накардани роҳкиро бо ронандаи автомашина муноқиша кардаву даст ба гиребон шуда, бо алфози қабеҳ дашном низ додааст.
Зимнан вобаста ба ҳолати мазкур кормандони милитсия нисбати дастгиршуда, тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ), Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, протокол тартиб дода, ҷиҳати чораҷӯӣ ба додгоҳ ирсол намудаанд.
Бо қарори додгоҳ, нисбати номбурда бинобар доштани фарзанди ноболиғ, ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин шудааст.