Дар Қазоқистон ду шаҳрванди Тоҷикистон заҳролуд шуданд

Феълан шаҳрвандони Тоҷикистон дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Ду ҷавони тоҷик дар шоҳроҳи Қазоқистон аз гази оксиди карбон заҳролуд шуданд, хабар медиҳад нашрияи "Мой город".
Ба гузориши манбаъ, шаҳрвандони Тоҷикистон бо мошини "ГаЗел" аз Актюбе ба самти постгоҳи марзии Алимбетовка ҳаракат мекарданд.
Манбаъ аз қавли дафтари матбуотии Раёсати умури дохилии ин вилоят менависад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон натавонистанд марзро убур кунанд ва тасмим гирифтанд, ки ба Актюбе баргарданд.
Пайвандони ин ду ҷавон, ки дар Актюбе ба сар мебурдаанд, дигар бо онҳо натавонистаанд дар тамос шавад ва аз ин кор ба кормандони мақомоти зирабт хабар додаанд.
Парвандаи соҳибкоре, ки мурғҳои пӯхтааш 50 касро дар Хуҷанд заҳролуд кард, ба додгоҳ рафт
Гуфта мешавад, кормандони ротаи патрулӣ фавран ба ҷустуҷӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баромаданд ва нисфи шаб мошини онҳоро дар таваққуфгоҳи Исломбулоқ пайдо кардаанд.
Пулис мегӯяд, ронанда ва мусофир дар дохили мошин буда, дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз оксиди карбон дар ҳолати беҳушӣ қарор доштанд.
Манбаъ меафзояд, кормандони ҳифзи ҳуқуқ онҳоро аз мошин берун оварда, ёрии аввалия расониданд ва табибонро даъват карданд. Ҳоло ҳар ду ҷавони тоҷик дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор доранд.
Маълум нест, ки шаҳрвандони тоҷик чанд солаанд ва зодагони кадом минтақаи Тоҷикистон мебошанд.