Дар Қазоқистон бародарзодаи Нурсултон Назарбоев боздошт шуд

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ Ҳайрат Сатиболдиулуро дар тасарруфи маблағҳои давлат гумонбар медонанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Хадамоти мубориза бо фасоди Қазоқистон Ҳайрат Сатиболдиулу, бародарзодаи президенти пешини ин кишвар Нурсултон Назарбоевро боздошт кардааст, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
"Хадамоти мубориза алайҳи фасод парвандаи ҷиноиро аз рӯи далелҳои сӯистифода аз ваколатҳои хидматӣ ва тасарруфи маблағҳои ҶСК "Казақтелеком" ба миқдори махсусан калон" тафтиш мекунад. Бо гумони содир намудани ин ҷиноятҳо Ҳайрат Сатиболдиулу дастгир ва ба боздоштгоҳи муваққатӣ мунтақил шуд", - гуфта мешавад дар изҳороти ин ниҳод.
Вазорати адлия гуфт, алайҳи Назарбоев ва оилаи ӯ эҳтимол тафтишот оғоз шавад
Раёсат афзуд, ки даст доштани Сотиболдиулу дар ҷиноятҳои дигаре, ки амнияти давлатро халалдор мекунанд, тафтиш мешавад.
Ҳайрат Сатиболдиулу соли 1970 таваллуд шудааст. Вай бародарзодаи нахустин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аст.
Дар тӯли ин солҳо номбурда дар Кумитаи амнияти миллӣ, ҳизби ҳокими “Нур Отан” (ҳоло ҳизби “Аманат”) ифои вазифа мекард ва ҳамчунин ба тиҷорат низ машғул будааст.