ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия аз вилояти Қрим Михаил Шеремет бар ин назар аст, ки Владимир Зеленский назорат бар вазъ дар Украинаро комилан аз даст дод, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Зеленский назорат аз болои вазъ дар кишварро аз даст дод. Вазъият фалокатбор аст. Миллатгароён воқеан қудратро дар минтақаҳо ба дасти худ гирифта, зиндагии ҷудогона доранд. Ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ вуҷуд надорад, аз ин рӯ мардуми осоишта азоб мекашанд ва мемиранд", - тавзеҳ дод Шеремет.
Ба гуфтаи ӯ, Зеленский бо сиёсати худ танҳо шумораи қурбониёнро дар байни мардуми осоишта ва артиши Украина зиёд мекунад.
"Зеленский барои боздоштани хунрезӣ ҳеҷ коре намекунад, балки танҳо ба оташ рӯған меандозад", - таъкид кард вакил.
Ёдовар мешавем, ки аз нимаи моҳи феврали соли 2022 вазъ дар Донбасс пас аз як силсилаи ҳуҷуми мусаллаҳонаи нерӯҳои Украина муташанниҷ шуд.
Раҳбарони ҶХД ва ҶХЛ ба президенти Русия Владимир Путин бо дархости кӯмак дар муқобила бо таҷовузи Украина муроҷиат карданд.
Путин пас аз ҷаласаи Шӯрои амнияти Федератсияи Русия фармонҳо дар бораи ба расмият шинохтани ин ҷумҳуриҳоро имзо кард.
Раисҷумҳури Русия аллакай рӯзи 24 феврал аз оғози амалиёти вижаи низомӣ, ки ҳадафаш ҳифзи мардуми осоишта дар Донбасс буд, хабар дод.
Русия ва Украина барои ҳалли низоъ як силсила музокирот анҷом доданд. Дар маҷмуъ 3 даври музокирот баргузор гардидааст.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзуи долонҳои башардӯстона қайд карданд. Замон ва макони мушаххас ҷаласаи навбатӣ ҳанӯз эълон нашудааст.