ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Арабистони Саудӣ дигар ташхиси коронавирус барои адои ҳаҷҷи умраро талаб намекунад.
Дар ин бора Вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ хабар дод.
"Ба меҳмонон иҷозат дода мешавад, ки дар ду масҷиди муқаддас ҳаҷҷи умраро анҷом диҳанд, ба шарте ки онҳо ба коронавирус мубтало набошанд ва ё бо афроде, ки ташхиси вируси мазкур дар онҳо мусбат будааст, тамос нагирифта бошанд", - омадааст дар изҳорот.
Ин ду масҷиди муқаддас - Масҷиди Паёмбар (с) дар Мадина ва Масҷиди Ҳаром дар Макка мебошанд.
Шахсоне, ки мехоҳанд ҳаҷҷи умра анҷом диҳанд, бояд бо худ шаҳодатномаи ваксиназанӣ дошта бошанд.
Ҳамзамон зоир бояд бо доруи аз ҷониби мақомоти кишвар тасдиқшуда ваксина шуда бошад, аз ҷумла: "Pfizer", "Astrazeneca" ва "Moderna".
Илова бар ин муҳлати будубоши ҳоҷиён дар Арабистони Саудӣ аз 10 ба 30 рӯз афзоиш ёфт.
Қаблан раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода дар бораи ҳаҷҷи асосӣ дар соли 2022 изҳори назар карда буд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳама чиз ба мақомоти Арабистони Саудӣ ва вазъи эпидемиологии минтақа вобаста аст.