ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Рамазон Қодиров, роҳбари Чеченистон гуфт, ки "гурӯҳҳои низомӣ ва миллии украинӣ бо дидани сарбозони мо шитобон мавқеи худро тарк мекунанд ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва техникаро ба сарбозони мо мемонанд".
“Сокинони минтақаҳои озодшудаи Украина аз ҳаводиси рухдода хуб огоҳанд ва дурустии амали Русияро мебинанд”, - гуфт Қодиров.
Рамазон Қодиров итминон дорад, ки артиши Русия ба зудӣ Украинаро аз нопокиҳо, ки неонатсизм ном дорад, пок хоҳад кард.
Русия субҳи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор қарор доштанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонӣ ва нозизудоии Украина" анҷом ёфта, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зербинои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ба мардуми осоишта ҳеҷ чиз таҳдид намекунад.