ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Бонки миллии Қирғизистон содироти долларро ба хориҷа муваққатан манъ кард.
Даар ин бора, хадамоти матбуоти Бонки миллии ин кишвар хабар медиҳад.
Чунин тадобир ба хотири таъмини амнияти иқтисодӣ ва ба эътидол овардани вазъ дар бозори асъор андешида шудааст.
Маҳдудиятҳои муваққатӣ оид ба амалиёт бо асъори нақд ба бонкҳои тиҷоратӣ, нуқтаҳои мубодилаи асъор, ширкатҳои маблағгузории хурд ва қарзи хурд татбиқ мешаванд.
Ин мавонеъ аз соати 17:30 рӯзи 11 март эътибор пайдо карданд.
Дар Тоҷикистон чӣ?
Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар бораи мамнуияти баровардани доллар аз ҳудуди кишвар хабар надодаанд.
Вале ягона чизе, ки дақиқи аст, ин ки баробари боло рафтани қурби доллар дар кишвар нархи маводи озуқа якбора гарон шуд.
Ҳамин тавр қурби асъори амрикоӣ дар Тоҷикистон гарон шуда, то 13.0500 сомонӣ боло рафт.