ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон ва Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Дафтари матбуоти Кремл дар бораи суҳбати раҳбарони кишварҳо муфассалтар хабар дод.
Дар ҷараёни суҳбат Путин ба ҳамтои фаронсавияш ва садри аъзами Олмонро дар бораи вазъи гуманитарӣ дар Украина иттилоъ дод.
Путин аз Макрон ва Шолтс даъват кард, ки ба режими Киев барои пешгирии амалҳои ҷиноии гурӯҳҳои миллатгаро дар Украина таъсир расонанд.
"Владимир Путин аз Эммануэл Макрон ва Олаф Шолтс хост, ба мақомоти Киев таъсир расонанд, то аз чунин амалҳои ҷиноӣ даст кашанд", - хабар додааст дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Роҳбари Русия ҳамчунин афзуд, ки гурӯҳҳои миллатгаро амалиёт барои наҷоти мардум аз тариқи долонҳои башариро дар шаҳрҳое, ки амалиёти ҷангӣ ҷараён доранд, мунтазам халалдор мекунанд.
Путин мисолҳои зиёде аз нақзи қавонини башардӯстонаи байналмилалӣ аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи Украина овард, аз ҷумлаи куштори ғайриқонунӣ, истифодаи шаҳрвандон ҳамчун "сипари инсонӣ", ҷойгир кардани силоҳи вазнин дар маҳаллаҳои истиқоматӣ.
Сипас роҳбари Кремл ба ҳамтоёни худ дар бораи музокироти ахири Маскаву Киев маълумот дод.
“Дар робита ба ин раҳбарони се кишвар баъзе масъалаҳои марбут ба созишномаҳои таҳияшаванда дар умури татбиқи талаботи пешниҳодии Русияро баррасӣ карданд”, - гуфт хадамоти матбуотӣ.
Ёдовар мешавем, аз нимаи моҳи феврали соли 2022 вазъ дар Донбасс пас аз як силсила ҳамалоти мусаллаҳонаи нерӯҳои Украина ташаннуҷ пайдо кард.
Раҳбарони ҶХД ва ҶХЛ ба президенти Русия Владимир Путин бо дархости кумак дар муқобила бо таҷовузи Украина муроҷиат карданд.
Путин пас аз ҷаласаи Шӯрои амнияти Федератсияи Русия фармонҳо дар бораи ба расмият шинохтани инҷумҳуриҳоро имзо кард. Ин ҳуҷҷатҳоро Думаи давлатӣ ва Шӯрои федератсия тасдиқ карданд.
Раисҷумҳури Русия рӯзи 24 феврал аз оғози амалиёти вижаи низомӣ, ки ҳадафаш ҳифзи мардуми осоишта дар Донбасс буд, хабар дод.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд ва ба мардуми осоишта ҳеҷ чиз таҳдид намекунад.
Аммо дар бораи ишғоли Украина гап нест, таъкид кард раҳбари Русия.