Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Низомиёни ҶХД ду маҳаллаи дигари аҳолинишинро зери назорат гирифтанд

Ҳарбиёни Ҷумҳурии Халқии Донетск Валериановка ва Зелений Гайро зери назорат гирифтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Низомиёни ҶХД бо пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Русия шаҳракҳои Валериановка ва Зелений Гейро зери назорат гирифтанд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба сухангӯи Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков хабар медиҳад.
Ҳамчунин манбаъ афзуда, ки нерӯҳои ҶХД, аз ҷанубу шарқ мавзеи Новоандреевкаро муҳосира карданд.
"Воҳидҳои милитсияи мардумии Ҷумҳурии Мардумии Донетск бо пуштибонии оташфишони нерӯҳои мусаллаҳи Русия амалиёти ҳамларо идома дода, мавзеъҳои аҳолинишини Валериановка ва Зелений Гайро таҳти назорат гирифта, мавзеи Новоандреевкаро аз ҷануб ва шарқ муҳосира карданд. Пешрафт то 9 километр арзёбӣ мешавад", — гуфт Конашенков.
Русия рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки барои 8 сол таҳти таҳқиру наслкушии режими Киев қарор доштанд".
Ба ин ҳадаф, ба гуфтаи ӯ, "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангӣ, ки барои "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" масъуланд, дар назар гирифта мешаванд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Басурин шарти таҳти назорат гирифтани Мариуполро гуфт
Рӯзи душанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус дидору гуфтугӯ карданд. Мулоқот тақрибан 5 соат давом кард.
Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский қайд кард, ҷонибҳо тамоми рӯзномаи ҷаласаро муфассал баррасӣ намуда, барои пешгӯии мавқеъҳои муштарак нуктаҳое пайдо карданд.
Музокироти Русия ва Украина: натиҷаҳои мулоқоти Лавров ва Кулеба
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.
Бо дастгирии қувваҳои мусаллаҳи Русия гурӯҳҳои низомии ҶМД ва ҶМЛ амалиёти ҳуҷумро вусъат медиҳанд. Аммо дар бораи ишғоли Украина гап нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Мулоқоти дуюми ҳайатҳои Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пуша баргузор шуд.
Даври севуми музокироти Русияву Украина рӯзи 7 март дар Беларус баргузор шуд, аммо барои ҳар ду ҷониб натиҷаи дилхоҳ надод.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзуи долонҳои башардӯстона қайд карданд.
Ҷонибҳо то ҳол рӯз ва макони мушаххаси мулоқоти навбатиро эълон накардаанд, аммо ба гуфтаи узви ҳайати Русия, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия Леонид Слутский, он дар ояндаи наздик дар Беларус баргузор мешавад.