ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз ҳавои номусоид давоми чаҳор рӯзи оянда ҳушдор додааст.
Ба иттилои манбаъ, аз 12 то 16 март дар ҷумҳурӣ номусоидии вазъи ҳаво боқӣ монда, бориш дар ноҳияҳои водигӣ ва доманакӯҳӣ асосан дар намуди борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар намуди борон-барф ба амал меояд.
Инчунин раъду барқ низ пешгӯӣ шуда, боридани жола аз эҳтимол дур нест. 12-13 март дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бориши пуршиддат дар назар аст.
"Аз 12 то 14 март бошад, дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд хавфи сар задани зуҳуроти селӣ, дар минтақаҳои кӯҳии ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад",- афзудааст манбаъ.
Давоми ин рӯзҳо дар дарёҳои Ёхсӯ-Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда эҳтимоли якбора баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз аҳолӣ дархост кардааст, ки то ҳадди имкон аз сафар, сайругашт дар кӯҳистон, чидани занбурӯғ, гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.
Ба ронандагон пеш аз гузаштан аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ тавсия карда мешавад, ки дар бораи вазъияти роҳҳо, обу ҳаво маълумот ҷамъ оварда, нақлиёти худро бодиққат тайёр кунанд. Ҳангоми дар ноҳияҳои кӯҳсор ва ё минтақаҳои хавфноки роҳҳо ҳаракат кардан ба фосилаи муқарраршудаи ҳаракати байни мошинҳо катъиян риоя кардан зарур аст.
Маврид ма зикр аст, ки дар соли ҷорӣ аввалин қурбониёни сел ду нафар дар шаҳри Турсунзода сабт шуд.
Ҳамзамон дар пайи ҳавои номусоид, аъзои хонаводае дар ноҳияи Панҷ ба сайругашт рафтаву дучори сада гардиданд, ки як ноболиғ ҳалок шуд.