Писари Бердимуҳаммадов гуфт, агар президент шавад, сиёсати падарашро давом медиҳад

Писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки аз номзадҳои асосӣ ба курсии президентии Туркманистон аст, гуфт агар пирӯз шавад сиёсати падарашро давом медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Номзад аз Ҳизби ҳокими демократии Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов гуфт, ки агар ӯ дар интихоботи президентӣ пирӯз шавад, ҷумҳурӣ мақоми бетарафро нигоҳ медорад.
"Агар ба ман боварии калон зоҳир кунанд, ман, албатта, сиёсати берунии бетарафии мамлакатамонро давом медиҳам", — гуфт ӯ ба ТАСС.
Бердимуҳаммадов таъкид кард, ки густариши муносибатҳои дӯстона ва неки ҳамсоягӣ яке аз пояҳои сиёсати хориҷии кишвар аст.
Вай афзуд, авлавияти дигари Ишқобод таҳкими шарикӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ аст.
Рӯзи 12 март дар Туркманистон интихоботи ғайринавбатии президентӣ оғоз шуд. Барои курсии президенти ҷумҳурӣ 9 номзад мубориза мебаранд. Номзад аз ҳизби ҳоким писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аст. Вай ҳоло вазифаи муовини сарвазири кишварро иҷро мекунад.
Бердимуҳаммадов дар интихоботи пеш аз муҳлати президентии Туркманистон раъй дод
Дар миёнаҳои моҳи феврал раисиҷумҳури феълӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи палатаи болоии парлумон гуфт, ки "роҳ ба идораи давлатӣ" ба ҷавонон дода шавад.
Ӯ ҳамзамон гуфта буд, ки дар бораи худ тасмими душворе гирифтааст ва пас аз чанд рӯзи ин ҳарфҳояш дар ин кишвар интихоботи ғайринавбатӣ эълон шуд.
Коршиносон ҳадс мезананд, ки интихоботи ғайринавбатӣ як марҳилаи интиқоли қудрат аз падар ба писар аст.
Мавриди зикр аст, ки дар ин интихобот писари раисиҷумҳур ҳашт 8 рақиби дигар аз ду ҳизби дигар ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дорад.