Бердимуҳаммадов дар интихоботи пеш аз муҳлати президентии Туркманистон раъй дод

Сарвари кунунии ин ҷумҳурӣ дар нуқтаи овоздиҳии мактаби миёнаи раками 68-и Ишқобод интихоби худро кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар интихоботи пеш аз муҳлати раёсатҷумҳурӣ овоз дод.
Сарвари кунунии ҷумҳурӣ дар нуқтаи овоздиҳии мактаби миёнаи раками 68-и Ишқобод интихоби худро кардааст.
Бердимуҳаммадов бо модари 85-солааш, ки бо аробачаи маъюбӣ савор шуда буд, ба ҳавзаи интихоботӣ омад.
Қаблан писари ӯ Сардар Бердимуҳаммадов, ки номзад ба мақоми президентӣ аз ҳизби ҳокими демократӣ аст, дар ҳамин қитъаи интихоботӣ раъй дода буд.
Ёдовар мешавем, ки Туркманистон эълон карда буд, рӯзи 12 март интихоботи пеш аз муҳлати раҳбари давлат баргузор мешавад.
Бердимуҳаммадов бо нишони Дипломати моҳири Туркманистон қадр шуд
Аз соати 07:00- и субҳ дар тамоми ин мамлакат 2577 қитъаи интихоботӣ кушода шуд, ки то 19:00 ба вақти маҳаллӣ боз хоҳанд буд.
Ҳамчунин шаҳрвандони ин кишвар метавонанд дар 41 қитъаи интихоботӣ, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Туркманистон дар хориҷи кишвар кушода шудаанд, овоз диҳанд.
Пас аз 4 соати ифтитоҳи қитъаҳои интихоботӣ 51,05 дарсади интихобкунандагон ширкат карданд, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба Кумитаи марказии интихоботии ин кишвар.
Дар ҷумҳурӣ 9 номзад аз ҷониби се ҳизби сиёсӣ ва гурӯҳҳои ташаббускори шаҳрвандон тибқи қонун пешбарӣ шудаанд.
Қонунгузории Туркманистон ҳадди ниҳоии ҳузури интихобкунандагонро муқаррар накардааст, аз ин рӯ дар сурати мавҷуд будани фаъолияти интихобкунандагон интихобот баргузоршуда эътироф мешавад.
Писари раисҷумҳури Туркманистон ба унвони номзад ба интихоботи президентӣ пешбарӣ шуд
Ба ҳайати нозирони байналмилалӣ намояндагони ИДМ, СҲШ, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Созмони Давлатҳои Туркӣ ва кишварҳои хориҷӣ вориданд.
Гуфта мешавад, ки ҷараёни интихоботро беш аз 50 нозири байналмилалӣ назорат хоҳанд кард.
Тибқи Кодекси интихоботи Туркманистон, Комиссияи марказии интихоботӣ на дертар аз рӯзи ҳафтуми баъд аз интихобот натиҷаҳои онро эълон мекунад.
Номзаде, ки бештар аз нисфи овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштирокдоштаро гирифтааст, президент интихобшуда эълон карда мешавад.
Маросими савгандёдкунии президенти нави кишвар 19 март баргузор мешавад.