Раҳимзода бо роҳбарони 7 шаҳри бузурги Эрон мулоқот кард

Роҳбарони шаҳрҳои бузурги Эрон барои табодули таҷриба ба шаҳри Душанбе омадаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо шаҳрдорони эронӣ, ки дар Душанбе қарор доранд, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст. Ҳадафи боздиди роҳбарони шаҳрҳои Эрон аз Душанбе иштирок дар ҷаласаи умумии шаҳрдорони осиёӣ ва табодули таҷриба арзёбӣ гардидааст.
Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, шаҳрдорони Теҳрон Алиризо Зоконӣ, Машҳад Сайид Абдуллоҳ Ирҷоии Шерозӣ, Кирмон Саид Шеърбофти Табрезӣ, Қазвин Маҳдӣ Саббоғӣ, Буҷнурд Ҷавод Ҳамидии Роварӣ, Арок Алиризо Каримӣ ва Кирмоншоҳ Нодир Наврӯзӣ дар Душанбе қарор доранд.
Эрон гуфт, омодааст, дар кашфи чоҳҳои нафту газ Тоҷикистонро кумак кунад
Дар доираи сафари шаҳрдорон Раҳимзода бо онҳо тақвият бахшидани муносибатҳои дӯстона ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор додааст. ВУД таъкид намудааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт, аммо тафсилоти бештари онро ироа накардааст.
Шаҳрдори Теҳрон Алиризо Зоконӣ ҳавасмандияшро барои табодули таҷриба бо шаҳрҳои Тоҷикистон ва кишварҳои дигари осиёӣ баён дошт.
Зоконӣ махсусан аз муштаракоти фарҳангӣ, адабӣ ва таърихии Тоҷикистону Эрон ёдоварӣ намуда афзуд, ки дар ин замина зарфиятҳои зиёди ҳамкорӣ фароҳам мебошанд.