Назарсанҷӣ: 75 дарсади русҳо ба Путин эътимод доранд

75 дарсади мардуми Русия ба президенти кишварашон эътимод доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Бештар аз нисфи сокинони Русия (76%) ба кори президент Владимир Путин баҳои мусбат додаанд, тақрибан 75% ба ӯ эътимод доранд.
Чунин натиҷа аз як назарсанҷии Хазинаи афкори ҷамъиятӣ (ФOM) бармеояд.
Ба саволе, ки президент аз иҷрои вазифаи худ хуб мебарояд, 76% пурсидашудагон посухи мусбат додаанд, 13% фикр мекунанд, ки аз уҳдаи кор намебарояд ва 11% ҷавоб надодаанд.
Илова бар ин 75%-и пурсидашудагон эътироф кардаанд, ки ба президент эътимод доранд, 16% ба ӯ бовар надоранд, 9% дар ҷавоб душворӣ кашидаанд.
Путин яке аз афроди тавонотарин дар ҷаҳон хонда шуд
Пурсиш байни русҳо, ки синнашон аз 18 боло аст, рӯзҳои 4-6 марти соли 2022 бо усули мусоҳиба дар маҳалли зисти онҳо гузаронида шудааст.
Дар он 1500 нафар аз пурсидашудагон, ки дар 104 минтақаи аҳолинишин, шаҳру деҳоти 53 субъекти Русия зиндагӣ мекунанд, ширкат намудаанд.
Хатои оморӣ аз 3,6 фоиз зиёд нест.