ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Кремл баргузории мулоқоти президентҳои Русия ва Украина Владимир Путин ва Владимир Зеленскийро истисно намекунад.
Дар ин бора котиби матбуотии раҳбари Русия Дмитрий Песков хабар дод.
Аммо вай тавзеҳ дод, ки ин нишаст бояд тавре омода шавад, ки натиҷае диҳад.
Ба ақидаи ӯ, мулоқоти Владимир Путин бо ҳамтои украиниаш шояд “дар ояндаи наздик” баргузор шавад.
"Ҳеҷ кас имкони мулоқоти Путин ва Зеленскийро истисно намекунад. Бале, ин воқеан аз назари консептуалӣ имконпазир аст. Аммо аввал ҳам ҳайатҳо ва ҳам вазирон бояд саҳми худро бигузоранд, то президентҳо ба хотири раванд ва суҳбат дидор накунанд, балки ба хотири натиҷа вохӯрад", - гуфт ӯ.
Мавқеи ҷониби Русия маълум аст, онҳо ба таври возеҳ таҳия ва ба таваҷҷуҳи музокиракунандагони украинӣ расонида шудаанд, мо мунтазири баёнияҳои мутақобила ҳастем, таъкид кард Песков.
Қаблан чунин тахминро намояндаи расмии раисҷумҳури Туркия Иброҳим Қалин баён карда буд.
Ба гуфтаи ӯ, “барои бовар кардан, ки ин рӯй хоҳад дод, асос вуҷуд дорад”.
Ҳамзамон вай таъкид кард, ки Туркия дар ин масъала нақши мусоидаткунандаро идома хоҳад дод.
Ёдовар мешавем, ки аз нимаи моҳи феврали соли 2022 вазъ дар Донбасс пас аз як силсила тирборони нерӯҳои мусаллаҳи Украина ташаннуҷ пайдо кард. Раҳбарони ҶМД ва ҶМЛ ба президенти Русия Владимир Путин бо дархости кӯмак дар муқобила бо таҷовузи Украина муроҷиат карданд.
Путин пас аз ҷаласаи Шӯрои амнияти Федератсияи Русия фармонҳо дар бораи ба расмият шинохтани ин ҷумҳуриҳо, инчунин шартномаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо онҳоро имзо кард. Ин ҳуҷҷатҳоро Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсия тасдиқ карданд.
Раисҷумҳури Русия рӯзи 24 феврал аз оғози амалиёти вижаи низомӣ, ки ҳадафаш ҳифзи мардуми осоишта дар Донбасс буд, хабар дод. Русия ва Украина барои ҳалли низоъ як силсила музокирот анҷом доданд. Дар маҷмуъ 3 даври он баргузор шудааст.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзуи долонҳои башардӯстона қайд карданд. Рӯз ва ҷои мушаххасе барои баргузории ҷаласаи навбатӣ ҳанӯз эълон нашудааст.