Карзай: Ман ва Абдуллоҳ аз Афғонистон хориҷ шуда наметавонем

Раисҷумҳури пешини Афғонистон таъйид кард, ки толибон ба ӯ ва раиси собиқи Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ хуруҷ аз кишварро мамнуъ кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар мусоҳибае, ки ахиран нашр шуд, Ҳамид Карзай дар посух ба суоле дар бораи манъи сафараш ба хориҷ гуфт: "Бале, дар сафарҳое, ки ӯ бояд бо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дошта бошад, мушкилоте вуҷуд дорад. Мо умедворем, ки ин масъала ҳал хоҳад шуд".
Ҳамид Карзай афзуд, ӯ дар рафтуомад дар кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Кобул озод аст: "Мардум барои дидани мо меоянд, ману Абдуллоҳ Абдуллоҳ мулоқот мекунем ва мо метавонем ба ҳар ҷое дар Кобул хоҳем, биравем."
Қаблан гузориш дода шуда буд, ки толибон сафари Карзай ва Абдуллоҳ ба хориҷро мамнуъ кардаанд.
Афғонистон бо болотарин мизони маргумири модарон дар Осиё
Бархе аз аъзои толибон низ таъйид карданд, ки Карзай ва Абдуллоҳ ҳаққи тарки Афғонистонро надоранд. Толибон то ҳол сабаби ин иқдомро шарҳ надодаанд.
Карзай ва Абдуллоҳ аз чеҳраҳои сиёсии бонуфузи ҳукумати пешин ҳастанд, ки дар шаҳри Кобул монданд ва ба ҷое фирор накарданд.
Карзай қаблан дар баёнияе гуфта буд, ки ӯ ва Абдуллоҳ ба толибон нома навишта, аз онҳо хостанд, ки Луи Ҷирга баргузор намоянд.