Боздиди Раҳмон аз пойтахти нави бунёдшавандаи Миср

Мақомоти Миср мегӯянд, ба далели зичии аз ҳад зиёди аҳолӣ дар Қоҳира тасмим гирифтаанд, пойтахти нав бунёд кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари расмияш ба Миср аз пойтахти бунёдшавандаи он бозодид кард.
Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, пойтахти нави бунёдшаванда барои Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ шуд.
"Сохтмони шаҳр соли 2016 оғоз ёфта, бо суръати баланд идома дорад. Дар ин шаҳр новобаста аз он ки асосан барои биноҳои маъмурии пойтахти нав пешбинӣ шудааст, ҷойгир намудани ҳудуди 7-10 миллион нафар аҳолӣ дар он дар назар аст", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки масоҳати умумии шаҳр тақрибан 688 километри мураббаъ аст.
Эмомалӣ Раҳмон кӯҳҳои Тоҷикистонро бо аҳроми Миср муқоиса кард
Зикр шудааст, ки пойтахти нав аз ҷиҳати маъмурӣ ба 20 ноҳияи гуногун тақсим шудааст, аз ҷумла ноҳияи биноҳои ҳукуматӣ, шаҳраки молия ва тиҷорат барои бонкҳо ва ширкатҳои хусусӣ, шаҳраки санъат ва фарҳанг, шаҳраки байналмилалии олимпӣ, шаҳраки дониш ва дарёи кабуду шаҳраки дипломатӣ.
"Пойтахти нави маъмурӣ дар вилояти Қоҳира ва дар масофаи тақрибан 70-километрии самти шарқ аз пойтахти кунунии кишвар - шаҳри Қоҳира ва 65-километрии баҳри Сурх қарор дорад", - зикр шудааст зимни муаррифӣ.
Мақомоти Миср мегӯянд, зарурати бунёди ин шаҳрро зичии аз ҳад зиёди аҳолии пойтахти кунунии кишвар ба миён овардааст, чун дар ҳудуди он зиёда аз 30 млн. нафар зиндагӣ мекунанд.