Сисӣ даъвати Раҳмон барои боздид аз Тоҷикистонро пазируфт

Президенти Тоҷикистон бо ҳамтои мисрияш равобити Душанбею Қоҳираро баррасӣ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ, раисҷумҳури Миср даъват барои боздиди расмӣ аз Тоҷикистонро пазируфт.
Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар мулоқоташ бо Сисӣ аз ӯ даъват кард, ки бо сафари расмие ба Тоҷикистон ояд ва ин даъват бо хушнудӣ пазируфта шудааст.

"Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд",- афзуд котиботи раисҷумҳур.

Мулоқоти Раҳмону Сисӣ дар Қоҳира дар доираи сафари расмии президенти Тоҷикистон ба ин кишвар сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, раисиҷумҳури Тоҷикистон ду рӯз аст, ки бо сафари расмӣ дар Миср қарор дорад.
Ӯ зимни мулоқот бо ҳамтои мисрияш равобити тиҷорию иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, сиёсату туризмро баррасӣ кардааст.
Дар ин сафар ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаҳои бузурги мисрӣ дидан карда, ба тоҷирони он кишвар аз фазои мусоиди сармоягузорӣ Тоҷикистон гуфтаву онҳоро барои ташкили корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон даъват кардааст.