Силуанов: Ғарб бар зидди Русия ҷанги иқтисодиро оғоз кардааст

Вазори молияи Русия гуфт, ки Ғарб бар зидди Русия ҷанги иқтисодӣ оғоз кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Антон Силуанов, вазири молияи Русия дар мулоқот бо раисҷумҳур ва аъзои ҳукумат гуфт, Ғарб бо ҷорӣ кардани таҳримҳо бар зидди Русия ҷанги иқтисодиро оғоз кардааст ва талош мекунад, дар кишвар камбуди коло эҷод намояд.
“Дар ду ҳафтаи ахир кишварҳои ғарбӣ воқеан бар зидди Русия ҷанги моливу иқтисодӣ оғоз кардаанд”, - гуфт Силуанов.
Вай афзуд: “Ғарб уҳдадориҳои молии худ дар назди Русияро иҷро накарда ва захираҳои тилову асъори Русияро мунҷамид кардааст. Бо ҳар роҳ кӯшиш мекунад, ки савдои беруна ва содироти молро боздорад ва бо ҳамин ба савдои ҷаҳонӣ зарар расонад.
Силуанов ҳамчунин илова кард, ки "кишварҳои ғарбӣ кӯшиш мекунанд, дар мамлакати мо норасоии молҳои воридотии рӯзмарра ба вуҷуд биёяд, онҳо маҷбур доранд, ки корхонаҳои муваффақи фаъол бо сармояи хориҷиро таътил шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол се даври он анҷом ёфтааст. Ҳар ду ҷониб мегӯянд, гуфтушунидҳоро идома хоҳанд дод.